ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 январи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона дошта дар мавзӯҳои

1.Воқеаҳои як моҳи сиёсии кишвар дар моҳи январ (аз соати сиёсии моҳи декабр то моҳи январ)

2. Шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Огоҳонидан ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои хатархои ҷомеа.

4.Моҳият ва ҷанбаҳои тарбиявию таърихии ҷашни Сада “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтисодиёти ҷомеа”, “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ, баррасии “ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №2 дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, сарвари муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзӯҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.