КӮМАК НАМУДАН БА ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНД ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 09.01.2023 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва кӯмак намудан ба ятимону маъюбон ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба як нафар оилаи ниёзманд кӯмакпулӣ расонида шуд.

Дар ин доира бо ташаббус ва дастгирии  бевоситаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳаикимзода Миҷгона Шералӣ, бо як нафар оилаи ниёзманд Сайҷалолова Оиша сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариён, шуъбаи 2-юми ноҳия аз ҳисоби Кумитаи иҷроия ҲХДТ кӯмаки пулӣ ба миқдори 700 сомонӣ расониданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар воқеъ шароити зисту зинадгии оилаи Сайҷалолова Оиша хело ванин буда, ду фарзани маъюбашро дар танҳои нигоҳубин намуда ниёз ба кӯмаку дастгирӣ дорад.

Дар рафти суҳбат қайд гардид, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои камбизоату бепарасторон, ба ҳукми анъана даромада, шахсони саховатманд кӯшиш менамоянд, ки ин дастури сарвари давлат аз мадди назар дур намонад.