ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 04.01.2023 дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад Султонзода доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 30.11.2022 ва Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29.12.2022 дар асл имрӯз вакилони мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад Султонзода баъд аз анҷоми мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти И. Сомонӣ, Меҳнатобод, Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён қабули шаҳрвандонро дар минтақаи наздик ба онҳо аз соати 15:00 то 17:00 ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободонии ноҳия, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимони кулл роҳандозӣ намудааст.

Имрӯз метавон қайд намуд, ки вакилон бояд ҳамқадами мардум бошанд, ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум мусоидат намоянд. Масъалаи қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакилон дар ҳавзаҳои интихоботиашон мунтазам ба роҳ монда шуда, арзу ниёзи мардум сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Шаҳрвандон бо дархосту таклиф ва мушкилиҳои худ ба қабули вакил ташриф оварданд. Шодиён Муҳаммад Султонзода ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои онҳо чораҷӯӣ намуда, дархосту таклифҳои онҳоро ба инобат гирифт.