ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 05.01.2023 дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тадбиқи Паём ҳадафи асосии пешрафти ҷомеа”, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидзода ва Сарвиноз Комил, Ализода Зафар Аҳмадҷон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М.Ш бо аҳли зиёиён ва аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зафар Аҳмадҷон, Маҷидзода Сарвиноз Комил бобати нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат ибрози суханронӣ намуда, тазаккур доданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатњи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кардааст.

Инчунин таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба соҳаи маориф, бунёд гаштани корхонаву муассисаҳо, муассисаҳои томактабӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши технологияи муосир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизи мо шукуфон, сулҳу ваҳдат пойдор, мардумонаш сарҷамъ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани Истиқлолият мустақил аст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки барои таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саъю талош намоем ва якояки онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, одоби хамидаи инсонӣ ҳамчун инсони комил ба воя расонида, тарбия намоем.