ҒАМХОРИҲОИ ПАЙВАСТА НИСБАТИ ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон санаи 21 декабри соли 2022 узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар якҷоягӣ бо намояндаи КИМ ҲХДТ Наргис Муқимзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулоҳ Исмоилзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона  чорабинии тантанавӣ ба фарорасии Соли нави мелодӣ баргузор намуданд. Боиси тазаккур аст, ки макони баргузории чорабинӣ бо арчаи солинавӣ, дастархони идона ва дигар лавозимотҳо идонаи солинавӣ ороста гардида, ба фазои чорабинӣ ҳусни идона бахшида буд.

Нахуст дар сухани табрикотии худ раиси ноҳия муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ташрифи меҳмонони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, кӯдакону наздикони онҳоро бо ифтихори бузург ва камоли хушнудӣ бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи накӯ ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу намуданд. Қайд гардид, ки ғамхорӣ ва пайваста дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба Шумо фарзандони азизи мо равона карда шудааст, ки дар ин раванд ба ташаккули ҳаёти шахсӣ, таҳсил ва фаъолияти ояндаи Шумо заминаҳои мусоид гузоштан муввазаф гардидаем.

Зимни чорабинӣ инчунин меҳмони гиромӣ суханронӣ намуда, аз баргузории чунин як фазои идона баҳри ятимони кулл, миннатдории самимии худро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён карда, қайд намуданд, ки фарзандони азиз зери ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста ба онҳо кӯмакҳои моддӣ, маънавӣ ва пулӣ расонида мешавад.

Дар фарҷом аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва меҳмон ба ин тифлакони зебо, либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд. Бо мақсади болидахотир намудани меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ, аҳли фарҳанги ноҳия бо барномаи идонаи солинави худ хотири ҳозиринро шод намуданд.