КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад. Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба нафарони эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба арафаи соли нави мелодии 2023  ба ин оилаҳо кӯмакҳои  хайриявӣ расонида шуда истодааст. Ин навбат дар таърихи 17-уми декабри соли равон бо мақсади дастгирию кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ҳакимзода Миҷгона оилаи ниёзманд Холова Сафармо аз ҷамоати шаҳраки Бохтариёнро аёдат намуда, кӯмакҳои яквақтаина расониданд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.