РОҲПАЙМОИИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  ноҳияи Кӯшониён бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-10-уми декабр” нақши ҲХДТ дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҲХДТ-ҳамчун ҳизби пирӯзи ҷомеа дар баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии шаҳрвандон алалхусус ҷавонон дар шоҳроҳи маркази ноҳия роҳпаймоӣ доир намуданд.

Дар роҳпаймоӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М.Ш, муовини аввали раиси ноҳия Иброҳимзода Амриддин, муовинони раиси ноҳия Қаҳорзода Нурмаҳмад ва Шукрулозода Дилафруз  инчунин, як қатор ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Кӯшониён ширкат варзиданд.

Аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшонинё аз он ифтихор менамоянд, ки аз таъсиси ин ҳизбӣ созандаву бунёдкор 28-сол сипарӣ мегардад. Метавон гуфт,  ки  28- соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ далели он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати мардум мебошад.