ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар арафаи иду ҷашнҳои дар пеш истода инчунин бо мақсади иҷрои барқияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 01.12.2022, №34 дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Кӯшониён чорабиниҳои зиёди ҳизбӣ  баргузор  шуда истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии “РАСИН”-и ноҳияи Кӯшониён бахшида ба ин санаи муҳиму хотирмон собиқадор ва аъзои фаъоли ҳизб Шарипова Ҳавасмо барои хизматҳои содиқонаву чандинсолаи хеш бо “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардида бо кумаки яквақтаина низ таъмин када шуд.

Боиси тазаккур аст, ки чунин иқдомҳои наҷибона дар аксарияти ташкилотҳои ибтидоӣ бо маром идома дошта, аъзоён, собиқадорон, фаолон ва ҳамсафони ҳизбӣ зери таваҷҷуҳи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ қарор дошта пайваста қадрдонӣ карда мешаванд