ТАҚДИМИ АРОБАЧАИ МАЮБӢ БА ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву кӯмак намудан ба маъюбон дар арафаи иду ҷашнҳо ва бо мақсади иҷрои барқияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 01.12.2022, №34 ва дар арафаи истиқболи сазовори 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар арафаи ҷашни 28-солагии ҲХДТ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, муовини раиси ноҳия Шукруллозода Д. ва Давлатзода Раҷаб-вакили ҳизбӣ сокинони ҷамоати деҳоти Заргар Холов Юнус ва Авзалова Садбаргро  аёдат карда, ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим намуда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ намуданд.

Шахсони аёдатшуда ва аҳли оилаашон аз иқдоми раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуданд. Чунин амалҳои хайрхоҳона ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманд пайваста амалӣ карда мешаванд.