ТАЪМИРУ ТАРМИМИ СИНФХОНАҲО ТИБҚИ ТАШАББУСИ НАВИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН»

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Кӯшониён 4 адад синфхона аз нав таъмиру тармим карда шуд.

Таъмири синфхонаҳо бо ташаббуси директор Азимов Ҳ тибқи нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Мактаби ман» ба роҳ монда шуда, фарши 4 синфхона бо 50 метр линолеум рӯйпӯш шуда, ҳамчунин  барои  нишасти омӯзгорон 20 адад курсӣ харидорӣ карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки заҳмати бевоситаи кормандону масъулини муассисаи таълимии мазкур дар ободу зебо гардонидани муассиаи худ ва дар ин кори хайру созанда назаррас буда, тариқи ҳашар ба рӯйпуш ва ширеш намудани линолеум машғул шуда, саҳми худро гузоштаанд.

Ин амали созандагиву бунёдкоронаи сокинони деҳаи Уртабузи ҷамоати Сарвати Истиқлол боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.