ВУСЪАТИ ТОЗАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади корҳои созандагиву ободонӣ дар ташкилоти ҳизбии муассисаи таълимии №43-ноҳияи Кӯшониён амали некхоҳона то ба ҳол идома дорад. Вобаста ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани ҳолати роҳҳо, истгоҳҳо сангфаршкунӣ, мумфаршкунӣ дар деҳаҳову маҳалаҳои зисти ҷамоату шаҳракҳо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона бо вусъат идома дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки  заҳмати бевоситаи кормандону масъулини муассисаи таълимии мазкур дар ободу зебо гардонидани гирду атрофи муассиса назарас буда, саҳни даромадгоҳро ба пурагӣ соруҷбандӣ намуда истодаанд. Имрӯзҳо ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар корҳои созандагии маҳалли худ, махсусан аз хонаи худ сар карда то ба  ҷойҳои ҷамъияти саҳмгузор бошанд.