МУМФАРШКУНИИ РОҲ – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Кӯшониён ин амали некхоҳона то ба ҳол идома дорад.Вобаста ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани ҳолати роҳҳо, истгоҳҳо мумфаршкунӣ воқеъ дар деҳаи Турдиеви ҷамоати шаҳраки Бохтариён тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳи дохили деҳа, ки дар фасли зимистону баҳор мушкилиҳои зиёдеро ба бор меовард  дар масофаи 1500 метр мумфарш карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки  заҳмати бевоситаи сокинони деҳаи мазкур дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон назарас буда, имрӯзҳо ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар корҳои созандагии маҳалли худ, махсусан аз хонаи худ сар карда то ба ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.

Ин амали созандагиву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён аст.