АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТӢ ОИД БА ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ОРОМГОҲҲО ЗЕРИ УНВОНИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” АЗ ҶОНИБИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ ДАСТГИРӢ ЁФТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи М.Горкий-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва зиёда аз 60 нафар сокинони деҳаи дар боло зикршуда амалиёт оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир шуд, ки иштирокдорони амалиёт қабристони деҳаи худро аз алафҳои бегона тоза намуда ба тартиб дароварданд.

Дар охири амалиёт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштирокдорон мулоқот доир намуда оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ ба сокинон ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён доштанд.