ТОЗАКОРИИ ДАСТАҶАМЪОНА ОМИЛИ ПОКИЗАГИСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 7 октябри соли 2022,№24/10-54, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта  ташкилотҳову муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона доир гардида истодааст.

         Ҳашарҳои дастаҷамъӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, тозаю озода намудани атрофи ташкилоту корхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, роҳравҳо ва ба тартиб даровардану сафед кардани дарахтон, иваз намудани шиору овеза ва парчамҳои хирагардида, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар  ҳашарҳои дастаҷамъона саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон мусоидат ва саҳмгузорӣ менамояд.

Ҳашарҳои дастаҷамъии муассисаҳои таълимии №12,24,53 ва 54-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар шоҳроҳи ноҳияи Кӯшониён идома доранд.