ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН ҶАШНИ НИЁГОНИ МОСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба муносибати баргузор намудани ҷашни Меҳргон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 ноҳияи Кӯшониён  чорабинӣ таҳти унвони  “Малико, ҷашни Меҳргон омад” ва озмуни "Тирамоҳи заррин" миёни хонандагони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар чорабини идона гӯшаҳои маҳсулоти полезӣ ва заҳмати марди деҳқон, ки хоси ҷашни Меҳргон ва рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон мебошад ба намоиш гузошта, хонандагон дар назди хаймаҳои оростаи хеш шеъру гуфторҳо ва суруду саҳнаҳо дар васфи ҷашни аҷдодии мардуми тоҷик - Меҳргон ва расму оини хоси ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёд  замзама  намуданд.

Сипас дар фарҷоми чорабинӣ беҳтаринҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса муайян гардида бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.