НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БАХШИДА БА АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА" ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета”  бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шарафманди ноҳияи Кӯшониён дар маркази ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, Раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора инчунин, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Кӯшониён ширкат варзида, ҳунармандони ноҳия Самадова Тозагул сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, Гадоева Бибимо сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор, муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва муассисаи таълимии №2-и ноҳия ҳунарҳои хешро пешкаши иштирокчиён намуданд.