ОБОДГАРОИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаҳои "ШАНБЕГӢ" дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳракӯ деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст.

Ба ҳамин хотир санаи 22-юми октябри соли ҷорӣ кормандону масъулини ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и муассисаи таълимии №71-и ноҳияи Кӯшониён ҳашари дастаҷамъона доир намуда, ва дар корҳои ободониву тамизкорӣ сарҷамъона ширкати фаъолона варзиданд.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи  коргоҳ буда, дар рафти шанбегӣ гирду атрофи муассиса аз алафҳои бегона тоза карда шуда, заминҳои корам нарм карда шуда, партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки кормандони саҳми худро дар шукуфоии хиёбонҳои муассисаи мазкур гузоштаанд.

Корҳои ободонӣ дар самти тозагиву бунёдгароӣ бо маром идома дорад.