ШАНБЕГӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кормандон ва масъулини ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи назди бинои муассисаи таълимии №39 шанбегӣ доир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки масъулини муассисаи мазкур тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби омӯзгорону кормандон ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тозанамудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми бозсазои худро  гузоранд.