ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои корами наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён гурӯҳи корӣ бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ташкил  намуданд.

Зимни вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои корами наздиҳавлигӣ, ду ва ё се маротиба рӯёнидани ҳосил, кишти такрорӣ, захираи маводҳои хӯрока ва таъмини амнияти озуқавории ҳар як оила миёни сокинони деҳаи мазкур суҳбатҳои судмандро ба роҳ монданд.