Сокинони маҳал дар иҷрои корҳои созандаги фаъоланд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар кӯчаи Рӯдакии маҳаллаи Заринкамари ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ бо иштироки гурӯҳи кории ҳизбӣ бо сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллаи зикргардида вохӯрии судманд доир карда шуд.
Тавре Усмонов Зикруллоҳ иҷрокунандаи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ изҳор дошт, вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама, бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоӣ карданд.