АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" БАРГУЗОР ГАРДИД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29.08.2022 дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти “Меҳвар” бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, волонтёрони ҳизбӣ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид, ки дар он зиёда аз 170 нафар иштирок намуда, дар тозаю обод гардонидани оромгоҳи деҳа саҳм гузоштанд. Аксияи мазкур дар аксарияти маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ низ гузаронида шуд.