Баргузории Конференсияи ХVII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Панҷ: Ҳисобот  

Конференсияи ХVII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид. Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини вазири Рушди иқтисод ва савдои ҶТ Солеҳзода, муовини раиси  вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзда, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил ва 215 нафар вакил аз 121 ташкилоти ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.Пас аз садо додани Суруди миллӣ котибот, комиссияи мандатӣ, ҳайати таҳририя ва рӯзномаи конференсия тасдиқ карда шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҳисобот дод. Пас аз шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии комиҷроия чанд нафар вакилони конференсия ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷро таҳлил карда, ба иқдому ташаббусҳои он чун ҳизби созандаю бунёдкор ва Раиси муаззами он чун сиёсатмадори асилу фарзанди фарзонаю хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Аз рӯи масъалаҳои сеюму чоруми рӯзнома аъзои КИ ҲХДТ ва Комиссияи тафтишотии комиҷроияи ҳизб дар ҳайати 31 ва 5 нафар аз нав интихоб карда шуданд.

Сипас маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардида, ду масъала – интихоби раёсат ва интихоби раиси нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷро баррасӣ намуд. Дар ҳайати раёсати Комиҷроияи ҳизб 7 нафар ба ҳайати раёсат пешниҳод ва интихоб шуданд. Каримҷон Файзизода бо овоздиҳии якдилонаи вакилон аз нав раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ интихоб гардид.

Ҳамзамон, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор зимни суҳбати хеш иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Дар ҷамъбасти конференсия ба чанд нафар фаъолон дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои ҳизбӣ супориданд.