МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Панҷ: Ҳисобот  

Санаи 05.07.2022 дар асоси ҷадвали тасдиқшуда бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Усмонов Зикруллоҳ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”-и ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис тибқи тартиб 3 масъала.

Оид ба ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ваҳдат "-и ҷамоати деҳоти Намуна оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ваҳдат " баррасӣ гардид.

Доири масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Ваҳдат ”  Кучаков Қодир  баромад намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир ба ташаббусҳои ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти саривақти ҳаққи узвият, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Баномавии ҲХДТ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон номзадии Кучаков Қодир  ба овоз монда раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ваҳдат "-и ҷамоати деҳоти  Намуна дар ноҳия интихоб гардид. Намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Усмонов Зикруллоҳ баромад намуда, оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ, иҷрои саривақтии ташаббусҳои ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҲХДТ, дар сатҳи баланд баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, Обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” иҷрои сари вақти нақшаи тасдиқшуда ибрози андеша намуд. Дар фарҷоми маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда қайд намуд, ки минбаъд низ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия, ки баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, саҳми муносиб мегузорем.