Баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотхои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал

Панҷ: Ҳисобот  
 
Дар асоси нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ёзғанд» бо иштироки кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мирзоев Назаралӣ» кушода, оид ба фаъолияти такшилот дар шаш моҳи соли 2022 ҳисобот дод.
Сипас, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба ҳодасиҳое, ки дар моҳи майи соли равон рух дода гузашт, суханронӣ намуда, пас аз он ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, пардохти ҳаққи узвият, тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ бо аъзоёни ташкилот суханронӣ намуданд. Дар поёни маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Мирзоев Назарали» аз нав интихоб карда шуд.