Конститутсия шиносномаи миллат

Панҷ: Андеша  

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиклоли давлатии Тоҷикистон буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.

Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва  қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони сохибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми  тоҷик мебошад.

           Инак санаи 6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ин сана барои мардуми Мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.    Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. 

      Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тўлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу суббот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд,  шурўъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои       Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рўз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф якумин тағйиру илова ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйиру иловаҳо дар бобати ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касби – Мачлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси мақоми нави дастаҷамъӣ – Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Сипас, мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 Шўрои адлия таъсис дода шуд.

         Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи  давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд».   .

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.