Ифротгароӣ худ яке аз падидаҳои номатлуб аст

Панҷ: Вокуниш  

  Аслан ифротгароӣ худ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст ва ин падидаи номатлуб на танҳо барои кишварҳо алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористидошта, фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», ҳаракати «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ мебошад, ки хусусияти ифротии диниро ба худ касб намудаанд.         Ифротгароӣ ба маънии дигар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гунонгунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва маҳзабӣ бештар ба назар мерасад.

   Мавриди ёдоварист, ки экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад, бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ», аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардидаву онҳоро бо роҳи зурӣ тобеи «Хилофат»-и худ намуданист. Ногуфта намонад, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ба ин гуруҳи даҳшатангез нерӯи ҷавон лозим меояд, маҳз ба ҳамин хотир онҳо ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба доми худ меафкананд.

   Мутаассифона, имрӯзҳо низ бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабиро пайравӣ намуда, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ мехоҳанд ширкат варзанд.

         Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи санаи 7-ум майи соли 2019 ба амал омада, яъне дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳкама кашидани як гурӯҳи дувоздаҳ нафараи муҳоҷирони кории тоҷик исбот намуд, ки то кунун чунин раванди муқобил ба амният ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон миёни бархе аз ҷавонони гумроҳи мо бадбахтона ба назар мерасад.

         Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ, ин муҳоҷирати меҳнатӣ, омилҳои динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ, содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо мебошанд.       Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ кам гардидааст.

         Қобили қайд аст, ки чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо хусусияти умумимиллӣ пайдо кардааст.

         Тавре қайд гардид, омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати меҳанатӣ ва фаҳмиши нодурусти моҳияти дин вобаста мебошад. Дар бештари маврид онҳоро аз рӯйи надоштани саводнокии динӣ фиреб мекунанд. Дар умум, сабабу омилҳои ҳамаи ин иллатҳо аз тарбияи нодуруст намудани ҷавон вобаста мебошанд.

   Ҳақназарова Мавзуна- мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.