Мафҳуми терроризм ва роҳҳои пешгирии он

Панҷ: Вокуниш  

  Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир хусусан Афғонистон ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
           Ин зуҳуроти номатлуб имрӯз ба яке аз мушкилиҳои асосӣ барои башарият боқӣ мондаааст. Пеш аз оне, ки дар мавриди ин даҳшате, ки сар то сари мардуми сайёраро такон додааст, сухан гуем, бояд қайд кард, ки истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад.

         Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад.   Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд. Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.
          Муҳақиқи рус А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри 1 то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар ё “сику” шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.
         Экстремизм бошад аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад.
         Боиси таасуф аст, ки имрӯз хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам зиёдтар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ба амал бароварда мешавад.
         Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.