Истифодаи захирахои табии-туристи ва дурнамои рушди сохаи туризм дар Чумхурии Точикистон.

Панҷ: Андеша  

Туризм яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва истеҳсолу фурӯши автомобил дар ҷои саввум қарор дорад. Ҳоло дар ин соҳа беш аз 150 млн. нафар кору фаъолият доранд.

Тоҷикистони офтобруяву куҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, куҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати сайёҳҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Баҳри ҳифзи сарватҳои табиат баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муҳим аст. Барои ноил шудан ба рушди устувори ин соҳа баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ зарур мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз дошт, ки «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд».

Чӣ тавре, ки маълум аст туризм дар Тоҷикистон ҳамчун соҳаи иқтисодиёт, афзалиятнок эътироф шудааст. Ба шарофати татбиқи мунтазами сиёсати дарҳои кушода ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ дар айни замон хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад.

Дар айни замон туризмро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида истодааст, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ ташкил намудани дастрасии бештари ҷумҳурӣ барои омаду рафти туристони хориҷӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи туристӣ ва санаторию курортӣ ҷалби сармоягузориҳо, нигаронида шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои таҷдиди саломатӣ ва сайёҳӣ мақоми пешсафро дорост. Чунин ҳудудҳо дар Тоҷикистон -5%, Узбекистон-0,7%, дар Туркманистон-0,25% -ро ташкил медиҳад.

Таи даҳсолаи охир аз тарафи фондҳои умумибашарию экологӣ дар ин самт як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта бошад ҳам, вале таносуби сайёҳиву экологӣ вобаста ба шароити табиӣ-ҷуғрофӣ аз тарафи муҳаққиқон ба таври мушаххас мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.