МАВОДИ МУХАДДИР ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

Панҷ: Вокуниш  

        Пӯшида нест,  ки дар замони моусир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз оморҳо бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона,  мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият кашида, ҳазорон нафар аз ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд.

         Мутахассисони соҳаи тиб собит намуданд, ки нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои бадани инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфии худро расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало сохта, ниҳоят ба марг бурда мерасонад. Албатта, теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошанд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт, ё худ аз нодониву айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Нафароне ҳам ҳастанд, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷаҳолатпарастӣ мекунанд. Ин гуна ашхос бевосита истеъмолкунандагони чунин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳӣ надоранд, зеро маҳз истеъмоли нашъа чунин ашхосро дур аз ақлу фаросат, хираду дониш кардааст.

         Дуруст аст, ки нашъамандӣ вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу мусибат меорад. Қобили зикр аст, ки олимону мутахассисони соҳаи тиб нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи беамон мебаранд.

         Гузашта аз ин, сабабгори гирифторӣ ба нашъамандиро як қисми одамон шароити мушкили зиндагӣ меҳисобанд, аммо воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Аввалан, фарзандони ашхоси сарватманд зиёдтар ба ин бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, баъадан бисёр одамон дар шароити якхелаи вазнин зиндагию кор мекунанд, вале аксари онҳо худро аз нашъамандӣ нигоҳ медоранд. Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд, гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъамандшуда сахт тобеи нашъа буда, агар онро истеъмол накунад, ба ҳалокат мерасад.

Бинобар ин, бо ваҷҳи бемории нашъа аз тамоми хушиҳои зиндагӣ бенасиб мемонад ва мақсаду нияти ӯ танҳо ба даст овардану ёфтани андаке нашъа мегардад.

         Имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои пешгирӣ намудани ин беморӣ тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида мешавад. Ҷиҳати пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013  “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва соли 2021 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба тасвиб расонида шуд.          Қабули стратегияҳои мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегияҳои мазкур барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Маҳмадова Гулноз – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.