Терроризм ва экстремизм хатари замон

Панҷ: Вокуниш  

            Замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва паҳн шудани экстре­мизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои терро­ристии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо зиёд ҳарф мезананд.

Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд.

         Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад.

Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба изтироб омадаанд.

         Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.

Террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ, ман­фиат­ҳои хеш зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа, давлат ва амнияти мардум мебошад. Дар истифодаи таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ террористон ҳама бо ҳам монанд ё аз як ҷинсанд.

Танҳо мақсаду маром, сабаб ва далелу бурҳони амалу фаъолияти худро сарварони созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ҳар гуна эълон мекунанд.

         Аз рӯ мақсаду маром, шиор, ғоя ва тарзу амалашон созмонҳои террористиро ба чанд гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст.

  1. Терроризми миллатгаро ё террористони миллатчӣ худро муборизони роҳи озодии миллӣ ва зидди ситами миллӣ эълон намуда, бар зидди намояндагони миллати дигар амалҳои террористиро содир мекунанд, одамонро мекушанд, таркиш ва дигар амалҳои зишту даҳшатоварро содир менамоянд. Барои террористони миллатгаро – миллатчигӣ мақсаду маром ва далелу бурҳони амалҳои нопокашон мебошад.
  2. Терроризми динӣ, ки имрӯз бештар паҳн шудааст дар зери ниқоби дин амал намуда, худро муборизони роҳи дин, “роҳи ҳақ” эълон мекунанд. Дар ислом онҳо худро “муҷоҳид” (аз калимаи “ҷиҳод” – ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом) ё ғозӣ (“ғазавот” – ҷанг дар роҳи дин бар зидди куфр) эълон менамоянд.
  3. Терроризми сепаратистӣ (ҷудоихоҳӣ, марказ­гуре­зӣ) террористони сепаратист худро муборизони муқобили асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди ягонагии давлат, якпорчагии он, барои аз ҳайати он баромадан мубориза мебаранд.
  4. Терроризми антиглобалӣ ё террористони антиглобалистӣ гӯё бар зидди ҷараёни “қашшоқшавии умумӣ” мубориза мебаранд.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ