ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, дар ҷамоати деҳоти С,Кабут деҳаи 16-солагии Истиқлолият оиди  самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ , баланд бурдани эҳсоси масъулияти шаҳрвандон  дар раванди давлатдорию давлатсозӣ ва  дигар масъалаҳои мубрам масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешавад.