Тамоку зиёнбахши саломатии инсон

Панҷ: Вокуниш  

          Пайдоиши одати тамокукашӣ ба он вобаста аст, ки никотини тамоку системаи марказии асабро кайфияти хуш мебахшад. Никотин моддаи ниҳоят заҳрнок буда ҳангоми кӯшишҳои аввалини тамокукашӣ ҳодисаҳои нохуш, аз қабили дилбеҳузурӣ, чарх задани сар, қайкунӣ, ихтилоҷи гулӯ, сурхрӯда, меъда ва ҳаяҷон, ки ба гарангӣ ва ҳатто ба беҳушшавӣ табдил меёбад, мушоҳида карда мешавад. Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳар як одами тансиҳат рӯй медиҳад. Вақте ки организм ба никотин одат мекунад, таъсири заҳрҳо суст шуда, одам фақат таъсири форами тамокуро ҳис менамояд. Ин эҳсоси дуруғин ва фиребанда аст, зеро моддаҳои дуди тамоку барои саломатии инсон ниҳоят хатарнок мебошад.

         Тамокукашӣ ва таъсири никотин меъёри мӯътадили меҳнат ва истироҳати хонандагонро дар системаи марказии асаб, на танҳо вайрон мекунад, балки пайдо шудани хоҳиши сигоркашӣ ҳангоми машғулиятҳо метавонад диққати хонандаро пурра ба сигор банд намояд.Тамокукашӣ дараҷаи азхудкуниро паст ва ҳофизаро заиф мекунад. Талабагони тамокукаш дар танаффус мисли дигарон дам намегиранд, балки баъди дарсҳо ба ҳоҷатхона давида, танаффусро дар иҳотаи дуди тамоку ва ҳар хел буғҳо мегузаронанд. Таъсири якҷояи никотин, дуди заҳрноки тамоку ва оксиди карбон боиси дарди сар ва кайфияти нохуш мешавад, ки қобилияти кориро паст менамояд. Дар натиҷа хонанда ба дарси навбатӣ бо рӯҳияи нохуш меояд.

         Дуди сигор, ғайр аз никотин боз қариб 200 модда, аз ҷумла, гази ғубори ангишт, кислотаи хлорид, бензопрен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарноканд. Ҳангоми сигоркашӣ, ин моддаҳо ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафас даромада, ба пардаи луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.

         Никотин на танҳо барои сигоркашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди сигор пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро заҳролуд мекунад. Қариб ҳамаи сигоркашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст. Газаки доимӣ қобилияти муҳофизатии пардаҳои луобиро паст мекунад, зеро фогоситҳо шушро аз микробҳои бемориовар ва моддаҳои зарраноке, ки бо дуди сигор меоянд, тоза карда наметавонанд. Бинобар ин сигоркашҳо аксаран ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор мешаванд. Зарачаҳои дуд ва қатрон ба деворҳои нойи нафас ва ҳубобчаҳои шуш менишинанд. Хусусияти муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст мешавад. Шуши одами сигоркаш чандириашро гум карда, нағз васеъ намешавад ва ин боиси кам шудани ғунҷоиши зарурӣ ва ҳавогирии он мегардад. Дар натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад.

Маҳмадова Лайло –мутахассиси бахши ташкили ва кор бо кадрҳои  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

.