Аксияи "Гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ"

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                            

 

 Дар Ташкилоти ибтидои ҳизбии "Фарҳанг" КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидои  барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи Ташкилот аксияи "Гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ" баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ”Фарҳанг” дар  якҷоягӣ бо меҳнати софдилона гулҳои зебову ороишӣ ва ниҳолҳои ҳамешабзро, ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, шинониданд. Инчунин зери дарахтонро нарм намуда, гирду атрофро ободу зебо гардониданд.