Ҳунарҳои мардумӣ - инъикоскунандаи фарҳанги волои мардуми тоҷик

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи Давлату Ҳукумати кишвар имрӯз тарғибу ташвиқи ҳунарҳои ғаннӣ ва волои тоҷикон яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи ҲХДТ мансуб меёбад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Панҷ имрӯз ашхоси зиёде ба эҳё ва густариши урфу одатҳои аҷдодон ва таблиғи ҳунарҳои қадимаи мардуми бофарҳанги Тоҷикистон, шуғл меварзанд. Дар ин росто ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия низ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ барои густариши ин самти сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба ҳамкорию мусоидат мекунанд.