Сафи ҳизб аз ҳисоби ҷавонон меафзояд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Имрӯз  ҷавонони ноҳияи Панҷ бо як рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва масъулияти баланд ба сафи ҲХДТ аъзо шуда, пайрави аз мактаби сулҳҷӯёнаву ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро менамоянд. Ҷавонони ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии  “Табибони ҷавон” низ масъулият эҳсос намуда, ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аризаи худро барои пайвастан ба сафи ҲХДТ пешниҳод карда буданд ва аз ҷониби масъулини КИ ҳизб шаҳодатномаи онҳо супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки аъзои ҳизб  будан масъулияти баландро талаб менамояд, зеро ки ҲХДТ  ҳамчун ташкилоти ҷаъмиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд.