АКСИЯИ ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии бонувону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирӣ аз тамоюлҳои бегонапарастӣ бо иштироки гулдухтарону бонувони ноҳияи Панҷ ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан,  ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботӣ  дар Боғи фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ гардид.