“Соати сиёси дар ташкилоти ибтидоии Маорифчиён”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи хештаншиносию меҳанпарастӣ, имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Панҷ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ  мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки “Соати сиёсӣ” – ин соати муайяни суҳбати муфиди насли ҷавону ояндасози кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина такмил додани тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф ҳадафи оинномавии ҳизб маҳсуб меёбад.