Ҳашари дастаҷамъона баҳри зебогии як гӯшаи диёр

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу  зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкори  дар  ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Панҷ” - и ноҳияи Панҷ, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи  23 ноябри соли 2023 ҳашари дастаҷамъонаи  коллективи кормандон  доир гардид. Дар ин ҳашари дастаҷамъона иштирокдорон  бехи дарахтон ва заминҳоро нарм намуданд. Бехи гулу гулбуттаҳоро тоза карданд. Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри тозагиву зебогии ноҳия дар ҳафтаҳои оянда низ ба нақша гирифта шудааст.