Баргузории "Соати Сиёсӣ" дар МТМУ №44

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни 16-18 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, ки тибқи нақшаи муштарак байни сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар муассисаи таълимии №44-и ноҳияи Панҷ, бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои “Терроризм ва Экстремизм”, “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”, “Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ” ва “Даъват ба хизмати ҳарбӣ” гузаронида шуд.