Ҷамъбасти маҷлиси семоҳа дар ташкилоти ибтидоии “Сафедорон”

Панҷ: Ҳисобот  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҳизбӣ   оид  ба ташкил ва гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ  санаи  17-уми апрели  соли равон бо намояндагии масъулини ҳизбӣ ва аъзоёну кормандони ташкилоти ибтидоии   “Сафедорон” маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ давоми се моҳаи якуми соли ҷорӣ ва натиҷагирӣ намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлис ташкилоти ибтидоии мазкур масъалаи ҳисобот оид ба фаъолияти семоҳаи соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии “Сафедорон” аз тарафи иштирокчиён қаноатбахш  арзёбӣ гардид.