МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ТУРДИШАЙХ»

Панҷ: Ҳисобот  

Дар асоси банди 3-и Протоколи Маҷлиси назоратии назди раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 27.03.2023, №8 ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоӣ, санаи 11 апрели соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Турдишайх»-и ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳия маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия – Нигора Хасанова, раис ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Турдишайх» доир гардид. Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум дар ташкилоти ибтидоии «Турдишайх» бо масъалаҳои зерин:

1. Ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои семоҳаи дуюм;

2. Таҳкими ҳаракати аъзои ҳизб (қабул, бозхонд, бақайдгирӣ ва хориҷ кардани аъзо);

3. Масъалаҳои ҷорӣ (пешгирии ҷавонон  аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ) доир гардид.