МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ” МАОРИФЧИЁН”

Панҷ: Ҳисобот  

Панҷ: Санаи 10  апрели  соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил  маҷлиси ҷамъбастии  оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот  дар се моҳаи  соли 2023  баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлис ташкилоти ибтидоии мазкур масъалаи ҳисобот оид ба фаъолияти семоҳаи соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд .Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Одилзода Абдулвоҳид  зимни ироаи баромади худ зикр дошт, ки ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  дар давраи ҳисоботӣ, фаъолияти назаррас нишон дода баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати  ҳуқуқии  аъзои  ҳизб  ба фаъолияти доимии ташкилотҳои  ҳизбӣ  бояд  табдил дода  шавад.