Ташаббусҳо дар маҳал амалӣ мегарданд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ имрӯз аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” 200 метри мураббаъ роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Панҷ мумфарш карда шуд. Бинобар ин, кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” тасмим гирифтанд, ки камбудиҳоро бартараф намоянд.