Худ ва наздиконатро аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дор!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт дар маркази шаҳраки Панҷ аксияи ҳизбӣ бо номи “Худ ва дигаронро аз сирояти коронивирус муҳофизат намо!” баргузор гардид.

Зимни баргузории аксия дар байни сокинон оид ба эмгузаронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятиву серодам, назди бозору марказҳои савдо ва роҳравҳо ниқобҳои муҳофизатӣ, варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои спиртии антисептик дастрас карда шуда, барои эмин нигоҳ доштани мардум аз ин бемории сироятӣ тавсияҳо дода шуд.