83138 2-40-07

Рейтинги ҳизбӣ- таҷрибаи пешқадам

Норак: Андеша  
Рейтинги ҳизбӣ, ки яке аз усулҳои муосири пешқадам дар таҷрибаи вилояти Хатлон ба шумор меравад, барои баланд бардоштани малакаву дониши замонавӣ- иттилоотӣ барои ҳар як корманди ҳизбӣ мебошад. Махсусан, сифатнокии кори тамоми сохтори кумитаҳо бо баҳогузории махсус, ки барои ҳавасмандӣ ва пешравии фаъолият мусоидаткунанда аст, метавонад, пешравии сифатноки кори ҳар корманд гардад.
Ман, ки дар системаи ягонаи ҳизбӣ моҳи дуюм аст, фаъолият менамоям, бо чунин тартиби иҷроиши кор, ки воқеан, аз ҳар як нафар корманд масъулияти баланд ва иҷроиши сифатнокро тақозо намуда, бо гирифтани баҳо сурат мегирад ва ҳар як кормандро муваззаф месозад, фаъолиятамро дучанд намоям, зеро ҳар як баҳо нишонаи он аст, ки то кадом андоза ҳар як нишондиҳанда иҷроиши мукаммали худро дорад, ва он чи гуна ба сомон расонида машавад.
Таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон амалан дар тамоми кумитаҳои иҷроия пурра амалӣ гардидааст ва дар иҷроиши як қатор корҳои тарғиботию ташвиқотие, ки бевосита тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ амалӣ мешаванд, нақши созгор хоҳад гузошт.
 
Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак