83138 2-40-07

Муборизаи дастаҷамъона зидди терроризм ва экстремизм манфиатовар мебошад.

Норак: Андеша  

Аз аввалин рӯзҳои ба даст овардани истиқлолияту озодӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза зиддӣ террорзму экстремизм ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ махсусан пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб роҳи дурустеро интихоб намудааст.

Чи тавре ки ба ҳамогон маълум аст, экстремизм яъне ифротгароӣ ва терроризм яъне даҳшатафканӣ падидаҳое мебошанд, ки дар тули таърихи башарият кулли мардуми сайёра зиди ин падидаҳои номутлуб мубориза мебаранд. Таърихи ин ду падида хелло тулонӣ аст. Ҳатто дар замонҳои қадим гуруҳҳое вуҷуд доштанд, ки болои гурӯҳҳо ва дигар қабилаҳо ба воситаи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро амалӣ месохтанд.

Аз ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд. Баъзе аз кишварҳои абарқудрат бо истифода аз ин ду роҳ мақсадҳои нопоку ғаразноки худро болои дигар кишварҳо амалӣ намуда, барои манфиати худ гурӯҳҳои террористиро омода намуда, вориди майдони сиёсӣ намуданд.

Яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза тероризму эктсремизм буда, гуруҳҳои террористӣ бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дунявии худ ҷавононро ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Гарчанде, ки гуруҳҳои террористӣ он қадар бузург ҳам набошанд, вале бо ҳар роҳу восита махсусан зери пуштибонии пинҳонии баъзе кишварҳои манфиатхоҳ зарару зиёни худро ба дигар кишварҳо мерасонанд.

Бо пешрафт ва инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Ин амал боиси он гардидаст, ки сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низ бар асари таъсир ва даст доштани баъзе аз кишварҳои манфиатхоҳ гуруҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз ду амали дар боло зикргардида истифода менамуданд ва ин амали онҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, ки мақсади асосии кишварҳои манфиатхоҳ буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гуруҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд. Гуруҳҳои манфиатхоҳ кушиш мекарданд, ки бисёртар ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Ҳамин амали ноҷавонмардонаи онҳо буд, ки ҷавонони зиёди мо зери таъсири идеологияи ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ ҷони худро аз даст дода қурбони сиёсати ваҳшиёнаи онҳо гаштанд.

Дар ин давраи ҳассос бошад, моро мебояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба ҷавонону ва наврасон тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод мисле, ки имрӯз гурӯҳҳои террористӣ аз номи дини мубини ислом таблиғ менамоянд вуҷуд надорад. Ҳама ишораҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба ҷавонону наврасон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Хулоса ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонон ва мардуми кишварро ба ободу пешрафт гардонидани ватани азизамон ҳидоят намоем, пеши роҳи ҳамагуна бегонапарастӣ ва хиёнаткориро гирифта манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз манфиати шахсӣ боло гузошта ҳушёру зирак ва ватандӯст бошем.

 

Фирдавс  Ғафурзода  аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак