83138 2-40-07

ДОИР БА ХАТАРНОК БУДАНИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ БА МАРДУМ ДОИМО МАЬЛУМОТ ДИХЕМ!

Норак: Андеша  

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хатарҳои экстремизм ва терроризмро донад ва барои нигоҳ доштани сулҳ дар кишвар ҳимоягар бошад. Аз ин рӯ, бо меҳру садоқати хеш ба ватан ҳисси милли банданд, баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти давлат содиқона хизмат намояд.  Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо кайд менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.

Бинобар ин, мардум пеш аз хама, маълумот ва хатари терроризм ва экстремизмро донанд ва доимо бар зидди он мубориза баранд. Имрӯз тибқи сарчашмаҳо доимо маълумот пайдо менамоем, ки бештари ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Чунки душман асосан барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Маҳз барои ҳамин, мо бояд дар наврасону ҷавонони мамлакат ҳисси ватандӯстию меҳри меҳанпарастиро бедор намоем, чун шахси содиқи ватанро касе харидорӣ ва меҳрашро аз Ватан канда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ҳар як инсон сулҳу оромӣ, тинҷию осудагӣ, меҳру садоқат ва хизмати Ватан мебошад.

Насли наврас ва ҷавонони кишварро ҳарчи бештар ба илму дониш ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб намоем, то дар оянда тавонанд, зиндагии худро шоиста гузаронанд.

Мо аҳли кормандони фарҳанг бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд мутаҳҳиду ҳамдил ва ҳимоягари кишвари азиз бошанд то ин Ватан -Тоҷикистони азизро тинҷу осоишта ва поянда нигоҳ дорем. Баҳри баланд бардоштани маданияти фарҳангию ахлоқии мардум кормандони бахши фарҳанг ҳамеша миёни мардум корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷоннок намоянд ва чорабиниҳои фарҳангиро дар ин доира бештар гузаронанд.

Алиев Изатулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг”