83138 2-40-07

Терроризм ва экстремизм: ҳолатҳои пайдоиш ва пешгирии он

Норак: Андеша  

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатари терроризм ва экстремизм ба такон овардааст. Чун ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вобаста ба маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ бо истифода аз хоинони миллат ва душманон, инчунин бо сабаби дар сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврасу ҷавонон истифода мебаранд.

Дар чунин вазъият ҳар фарди соҳибмаърифат, хоса, падару модар ва омӯзгоронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза — терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.

Чунки душманон асосан барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Махз барои ҳамин мо бояд дар қалби наврасону ҷавонони мамлакат ҳисси ватандӯстию меҳри меҳанпарастиро бедор намоем, чунки шахси содиқи Ватанро касе харидорӣ ва меҳрашро аз Ватан канда наметавонад. Аз ин рӯ, насли наврас ва ҷавонони кишварро ҳарчи бештар ба илму дониш, ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб намоем.

Мо, тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузарондем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, бояд ба қадри сулҳу ваҳдат бештару бештар бирасем, зеро ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Зайнидинов Аъзамат,  аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар  шаҳри  Норак