83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак:  

Санаи рӯзи 12-уми июни соли 2024 дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Истиқлол”, “Баҳористон”, “Гулистон”-и МТМУ-и №1 шаҳри Норак бо иштироки Хайрулозода Баҳодур  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак,  аъзоён ва ҷонибдорони  ҳизб  маҷлиси  ҳисоботӣ интихоботӣ  баргузор гардид.

 Дар  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ масъалаҳои зерин дида шуд:

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

2. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол”, “Баҳористон”, “Гулистон”

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

4.  Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ.

5. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар шаҳри Норак

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон” Алиева Бунафша оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ ва дар бораи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза пурмуҳтавои хешро ироа намуданд.

Ҳамзамон Хайрулозода Баҳодур дар бораи дастовардҳо ва аҳамияти калон доштани соҳаи маориф дар кишвар,  дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ андешаҳои  хешро баён дошт.

Инчунин оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем.

Сипас аз ҷониби як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти  ибтидоӣ оид ба натиҷабхш гардидани  кори ташкилот ва пурсамар гардонидани фаъолияти он пешниҳодҳои  мушаххас  дода шуд.

     Маҷлис аз руи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуда ба кори худ хотима бахшид.