83138 2-40-07

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҲИФЗИ САЛОМАТӢ"

Норак: Ҳисобот  

Санаи 03  майи соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи саломатӣ" маҷлиси ҳисоботӣ  баргузор карда шуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии " Ҳифзи саломатӣ " Пирзода Илҳомҷон  оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлисро муайян намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи саломатӣ" Пирзода Илҳомҷон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 3- моҳаи якуми соли равон  ва вазифаҳо барои минбаъда  дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Номбурда қайд намуд, ки дар доираи гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муарррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони истиқлолият саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи саломатӣ” назаррас аст.

Ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис номзадии Пирзода Илҳомҷонро баҷои  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии хориҷшуда барои аз нав интихоб гардиданашон ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи саломатӣ” пешниҳод гардида, бо ҷонибдорӣ ва дастгирии кулли аъзои  ташкилот  ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид.

Хайруллозода Баҳодур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иброз доштад,  ки дар раванди бунёдкориву созандагињои мамлакат сањми аъзо ва љонибдорони Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Норак низ назаррас мебошанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  бахшида ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2023 нақша чорабиниҳо дар доираи 14 банд тартиб дода ба тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизби дастрас карда шуд, ки амалишавии ин бандҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ташкилотҳои ибтидои ҳизбии шаҳр дар соли 2024 тадбиқ гардида истодааст.

Дар маҷлиси мазкур дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.